Син Ҷинпин бори сеюм мақоми раёсати Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба ӯҳда гирифт. Ӯ аз ҷониби вакилони нахустин иҷлосияи даъвати 14-уми маҷлиси умумихалқии намояндагони мардумии Чин (МУНМЧ, парлумон) ба ин мақом интихоб шуд.
Ба гузориши расонаҳои Чин, Син Ҷинпин, ки моҳи июн 70-сола хоҳад шуд, пас аз ислоҳоти Қонуни асосии Чин дар соли 2018 метавонад ба таври бемаҳдуд борҳо бигирад.
Маврид ба зикр аст, ки Син Ҷинпин соли 1953 дар Пекин дар хонаводаи як раҳбари инқилобию сиёсии барҷастаи Чин ба дунё омадааст. Соли 1974 ӯ ба Иттифоқи ҷавонони коммунисти Чин пайваста, баъдан дар сатҳи шаҳрию вилоятӣ фаъолияти ҳизбӣ доштааст. Вай аз соли 1999 то 2002 раиси вилояти Фуҷиёни Шарқӣ буд, соли 2007 ба унвони Узви Кумитаи доимии Дафтари КМ ҲК Чин ва марти 2008 ба мақоми ноиби Раиси Ҷумҳурии Халқии Чин интихоб гардид.