Бо мақсади тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар ва вобаста ба ҳалли масъалаҳои ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ барои соли хониши 2023- 2024 дар донишгоҳу донишкадаҳои олии фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз 12- ум то 15- уми марти соли равон Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари хизматӣ анҷом дод.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни сафари мазкур Муовини вазири фарҳанг Шарифзода Манучеҳр бо Муовини вазири фарҳанг ва саёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон- Маҷидов Муродҷон, Ноиби ректор оид ба кор бо ҷавонони Донишкадаи давлатии санъат ва маданияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон- Шерманов Елдор Уралович, Ректори Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон- Уринбаев Камолиддин Турдимуродович, Ректори Академияи давлатии хореографии Ӯзбекистон- Тахтасимов Шуҳрат Махмудович вохӯрии судманд аҷом дода, баъди шиносоӣ бо фаъолияти донишгоҳу донишкадаҳо ҷонибҳо барои ба роҳ мондани ҳамкории зичу пурсамар гуфтушунидҳо карданд.
Ёдовар бояд шуд, ки мақсади асосии сафари мазкур ҳалли масъалаҳои ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ барои донишҷӯёни тоҷик дар Донишкадаҳои Ӯзбекистон мебошад.