Байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати чинии «China Road and Bridge Corporation» дар доираи марҳилаи чоруми Лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ-4)» оид ба сохтмони роҳҳову пулҳо дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарордод ба имзо расид. Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дод.
Дар доираи лоиҳаи мазкур дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони як пул аз болои дарёи Ғунд бо дарозии 200 метр, воқеъ дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ бо сохтмони роҳҳои ба он пайвастшаванда бо дарозии 1,1 километр ва дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон бунёди роҳи мошингард бо дарозии 3,4 км бо назардошти сохтмони долони зиддитармавӣ (бо дарозии 550 метр ) ва пул (бо дарозии 82,3 метр) пешбинӣ шудааст.
Санади мазкур дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳтар кардани инфрасохтори нақлиётӣ дар шаҳри Хоруғ ва андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба имзо расонида шуд.
Зимни ба имзо расонидани қарордод иброз гардид, ки корҳои сохтмонӣ бояд босифат, дар муҳлати муайяншуда, тибқи талабот ва меъёрҳои амалкунанда иҷро карда шаванд. Ба кори сохтмон бояд техникаҳои муосири пуриқтидор ва мутахассисони ботаҷриба ҷалб гарданд. Арзиши умумии лоиҳа 31,2 доллари америкоиро ташкил дода, муҳлати иҷрои корҳои сохтмонӣ 30 моҳ аз рӯзи оғози сохтмон муқаррар гардидааст.
Назорати иҷрои корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи мазкур ба зиммаи роҳбарияти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои назди вазорат ва ширкати муштараки машваратии «ISAN Corporation + M50 Cоnsulting Group LLP» вогузор карда шудааст.