2 апрели соли равон дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад. Дар ин бора директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, Ҳусейн Сафарзода ба мухбири радиои “Овози тоҷик” Зулфия Сафарова хабар дод.
Ба иттилои номбурда, фестивали мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад. Дар кори он адибон, олимон, коршиносони соҳа хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар ширкат хоҳанд кард.
Дар намоиш дастранҷи кӯдакону наврасон, намоиш-фурӯши китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои тозанашр ба маъраз гузошта мешаванд. Инчунин, дар доираи чорабинии мазкур 5 озмун дар мавзуъҳои гуногун гузаронида мешаванд.
Естивали мазкур то 9 апрел идома мекунад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 2 апрел Рӯзи байналмилалии китоби кӯдакон дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад. Ин сана аз соли 1967 бо мақсади тарбияи муҳаббат ба китоб ва ҷалби диққати ҷомеа ба китобҳои бачагона таҷлил карда мешавад.