29 март муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо муовини вазири тиҷорат, саноат ва сармоягузории Салтанати Умон Солеҳ Мусан мулоқот намуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот ҷонибҳо дар бораи ба роҳ мондани робитаҳои судманд дар соҳаҳои тиҷорат, саноат ва сармоягузорӣ табодули назар намуда, масъалаҳои роҷеъ ба имконияти барқарории ҳамкориҳои мустақим миёни соҳибкорону тоҷирон ва сармоягузорони Тоҷикистону Умонро мавриди муҳокима қарор доданд.
Худи ҳамон рӯз ҳамчунин мулоқоти муовини вазир бо муовини вазири мерос ва сайёҳии Салтанати Умон Аззон бин Қосим Ал-Бусаидӣ доир гардид.
Зимни мулоқот масъалаи роҳандозии ҳамкорӣ байни ниҳодҳои сайёҳӣ ва ширкатҳои гардишгарии ду кишвар ба мақсади таблиғ кардани маҳсулот ва хидматрасонии сайёҳӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи тиҷорати меҳмонхона ва идоракунии иншооти сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.