Гардиши савдои хориҷӣ бо Туркия дар соли 2022 351,2 миллион долларро ташкил дод. Моҳҳои январ-марти соли 2023 ҳаҷми гардиши савдо бо Туркия 98,4 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,5 миллион доллар ё 17,3 фоиз афзоиш ёфта аст. Ин нукта зимни мулоқти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири навтаъини Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар зикр шуд.
Бино ба иттилои Вазорати ругди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонибҳо тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бо мақсади рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории дутарафа таклиф шуд, ки бо истифода аз иқтидорҳои зиёди мавҷудаи дуҷониба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармоягузории Туркия корхонаҳои саноатии муштарак оид ба истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, коркарди алюминий, пашму пуст, меваю сабзавот, хурокворӣ, шустушӯӣ ва масолеҳи сохтмонӣ таъсис дода шаванд, ки аз ҷониби Туркия хуш пазируфта шуд.
Ҳамзамон ҷонибҳо дар доираи лоиҳаи «Харитаи роҳ оид ба афзоиши гардиши савдо байни Тоҷикистону Туркия барои солҳои 2022-2025» ва Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (TIKA) густариши ҳамкориҳоро муҳокима намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор намуданд.