4 майи соли 2023 Далер Ҷумъа — Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ноиби Президенти Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) ҷаноби Умит Наҷи Йорулмаз ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот вазири энергетика ва захираҳои об ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркияро дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи обу энергетика дар сатҳи баланд арзёбӣ намуд. Дар ин бора аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Ҷонибҳо масъалаи бунёди нави Маркази саломатӣ дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ, таҷдиди бинои Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва инчунин масъалаи ташкили курсҳои бозомӯзӣ марбут ба соҳаи энергетика дар Ҷумҳурии Туркияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин замина, аз ҷониби Умит Наҷи Йорулмаз пешниҳод гардид, ки Маркази саломатӣ дар ноҳияи Роштқалъа дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёд карда шуда, бо таҷхизоти замонавии дорои технологияҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида мешавад. Илова бар ин, аз ҷониби намояндаи ТИКА бунёди майдончаи бозии кӯдакон дар назди Маркази саломатии мазкур иброз гардид.