4-5 майи соли 2023 дар шаҳри Панаҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатхои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ширкат варзид.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ роҷеъ ба масоили мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкори амиқ анҷом доданд. Таваҷҷуҳи махсус ба омодагӣ ба нишасти Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки баргузории он 4-5 июли соли 2023 дар Деҳлии Нав дар назар аст, зоҳир гардид.
Зимни суханронӣ С.Муҳриддин қайд кард, ки СҲШ бояд минбаъд низ рисолати асосии худ – рушди ҳамкориҳо дар асоси баробарҳуқуқии ҳамаи давлатҳои узв, эҳтироми мутақобила, нафъи мутақобила ва риояи қатъии иттифоқи ороро самаранок иҷро намояд.
Вазири корҳои хориҷӣ ҷиҳати густариши ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаи иқтисодӣ дар доираи СҲШ даъват ба амал овард. Дар робита ба ин зарурати анҷоми ҳарчи зудтари раванди гуфтушунид оид ба татбиқи ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи Стратегияи рушди иқтисодии СҲШ то соли 2030 таъкид гардид.
Дар заминаи баррасии мушкилоти амнияти минтақавӣ ва таҳдиди маводи мухаддир С.Мухриддин пешрафтиро дар ҳамоҳангсозии пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон дар бораи таъсиси як ниҳоди алоҳидаи доимамалкунандаи СҲШ – Маркази зиддимухаддиротӣ дар Душанбе қайд намуда, ҳамчунин аҳаммияти ривоч додани ташаббуси барпо намудани «қамари бехатарӣ» атрофи Афгонистонро қайд намуд.
Вазири корҳои хориҷӣ изҳори умедворӣ кард, ки узвияти комилҳуқуқи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар СҲШ имконоти навро барои афзоиши зарфияти ин Созмон боз мекунад.
Зимни ҷаласа бо қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, чемпиони олимпии Бозиҳои олимпии соли 2016 ва муовини президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Назаров Дилшод бо унвони фахрии “сафири иродаи нек”-и СҲШ сарфароз гардонида шуд.
Аз натиҷаи ҷаласа 14 қарор қабул шуда, тафоҳумномаҳо дар бораи додани мақоми шарики муколамаи СҲШ ба Ҷумҳурии Малдив, Ҷумҳурии Иттиҳоди Мянма, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Давлати Кувайт ба имзо расиданд.