Аз 16 то 18 май дар шаҳри Душанбе Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Лоиҳаи USAID дар Осиёи Марказӣ, Маркази сиёсат ва тадқиқоти тандурустӣ (Маркази PAS) таҳти унвони «Табодули таҷриба ва нақшаҳои ояндаи табибони силшинос» машғулияти омӯзишӣ баргузор намуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба радиои «Овози тоыик»хабар доданд.
Дар он роҳбарияти вазорат, намояндагони Парлумони мамлакат, созмонҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин рӯзноманигорон ва блогерҳо аз давлатҳои Осиёи Марказӣ- Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва Аврупои Шарқӣ- Молдова ва Гурҷистон иштирок намуда, ҳадафҳои минтақавӣ ва ҷаҳониро дар пешорӯи ҷаласаи сатҳи баланди Ассамблеяи генералии СММ оид ба бемории сил, ки моҳи сентябри соли 2023 баргузор мешавад, баррасӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки маҳз бо кӯшишу талош ва дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат давоми солҳои охир сатҳи гирифтории шаҳрвандон ба бемории сил коҳиш ёфта истодааст.
Тазаккур дода шуд, ки дар ҷумҳурӣ баҳри ташхису табобати гирифторони бемории сил шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.