Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 майи соли 2023 таҳти роҳбарии сафири Тоҷикистон дар Малайзия, Индонезия, Тайланд ва Намояндаии доимии Тоҷикистон дар Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором Ардашер Қодирӣ дар маросими ифтитоҳии ҷаласаи 79-уми Комиссия дар мавзуи “Суръатбахшӣ ба амалҳои марбут ба иқлим дар Осиё ва Уқёнуси Ором барои рушди устувор» иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба радиои «Овози тоҷик хабар доданд»
Намояндаи доимӣ зимни суханронӣ ба аҳамияти тавсеъаи ҳамкории густурдатари кишварҳои Осиё ва Уқёнусия дар масоили обу иқлим ишора намуд
Бояд қайд кард, ки ҷаласаи 79-уми Комиссия ҳайатҳои кишварҳои аъзо дар сатҳи сарони давлатҳо, ҳукуматҳо, муовинони сарони ҳукуматҳо, вазирон ва дигар намояндагони сатҳи баланд иштирок доранд ва он то 19 майи 2023 идома хоҳад ёфт.