
24 майи соли 2023 вохурии муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода бо муовини директори Барномаи Озуқавории Ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон Чарлз Инвани дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати маориф ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Дар оғози суҳбат Ҷамшед Ҷӯразода аз ташрифи намояндагони Барномаи Озуқавории Ҷаҳонии СММ (WFP) ба Вазорати маориф ва илм изҳори сипос намуда, қайд кард, ки дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ барои амалишавии Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ҳамчунин зимни мулоқот Чарлз Инвани қайд намуд, ки таъсиси бахши ғизои мактабии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи январи соли 2023 натиҷаи фаъолияти босамари ҷонибҳо буда, барои вусъат пайдо кардани равобити дуҷониба дар оянда заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар анҷоми сӯҳбат, Ҷамшед Ҷӯразода қайд кард, ки бо ҳамкориҳои дуҷониба ба муваффақиятҳои назаррас ноил хоҳем гашт.