
Имрӯз дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конфронси илмию амалӣ бахшида ба 100 солагии шоири халқии Тоҷикистон, Аминҷон Шукӯҳӣ баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори радиои”Овози тоҷик” Фуруҳар Тоҳирӣ хабар медиҳад.
Дар конфронси мазкур, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Вазири илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони фарҳангӣ ва аҳли илму адаб иштирок намуданд.
Фарҳод Раҳимӣ, президенти АМИТ конфронсро ифтитоҳ намуда, доир ба ҳаёту эҷодиёти ин шахсияти барӯманди тоҷик суханронӣ намуд.
Сипас иштирокдорон ва баромадкунандагон доир ба нақши Аминҷон Шукуҳӣ дар рушди адабиёт дар умум ва адабиёти кудакона ба шакли хос таъкид намуда, дар мавриди навиштаву пажуҳидаҳои шоир табодули назар карданд.