12 июни соли 2023 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикисон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ Ҳамад Сулаймон ал-Мишъон баргузор гардид. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот таҳким ва тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардиданд.



