Дирӯз муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ муовини директори минтақавии ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои баробарии гендерӣ ва тавонмандбахшии занон “СММ-Занон” оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Элиза Фернандес Саенсро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба радиои «Овози тоҷик» аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар доданд.
Дар рафти вохӯрӣ рушди робитаҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва “СММ-Занон”, инчунин мавзуъҳои вобаста ба ба татбиқи лоиҳаҳои ин ниҳод дар Тоҷикистон, баробарии гендерӣ ва тавсеаи ҳуқуқу имкониятҳои занон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи фаъолияти “СММ-Занон” дар Тоҷикистон баён доштанд.



