Имрӯз, 19 — уми июн аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Корея дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ » — и Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистону Корея ба кори худ оғоз кард. Дар ин бора хабарниогри радиои «Овози тоҷик» Диноза Сатторова хабар медиҳад
Форумро раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донгсон, вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, раиси Палатаи савдо ва саноат Ҷамшед Ҷумъахонзода ва роҳбари ҳайъати сармоягузорони Корея бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуданд.
Дар форуми мазкур беш аз 150 нафар аз ҳарду ҷониб иштирок намуда, дар доираи он ба иштирокчиен фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, хӯрокворӣ, сайеҳӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ карда мешавад ва лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Ҳадаф аз баргузории форуми мазкур пайдо намудани шиносоии сармоягузорони кореягӣ аз фазои сармоягузорӣ ва имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин густариши равобити тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳои мустақим миёни бахши хусусии ду кишвар, ҳамчунин тавассути сармоягузорӣ ба ҷумҳурӣ бунёд намудани корхонаҳои истеҳсолӣ ва саноатӣ мебошад.



