Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 3 нафар омӯзгор аз хориҷи кишвар фаъолият доранд, аз ҷумла як нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ, як нафар аз Ҷумҳури Мардумии Чин ва як нафар аз Ҷумҳурии Қазоқистон. Дар ин робита зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи соли равони Донишгоҳи мазкур Ҷилло Гулназарзода — Ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Тибқи иттилои хабарнигори радиои «овозитоҷик» Зулфия Олимбекзода, ки аз ҷараёни нишат хабар дод, дар донишгоҳи мазкур инҷунин 12 нафар омӯзгорони Донишгоҳ ҷиҳати такмили ихтисос гузаштан ба хориҷи кишвар сафарбар гардиданд, ки нисбат ба соли гузашта 8 нафар зиёд аст.
Бояд гуфт, ки дар Донишгоҳ 586 нафар шаҳрванди хориҷӣ аз ҷумҳуриҳои Туркманистон , Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Русия ба таҳсил фаро гирифта шуд.Ҳамҷунин , 10 нафар шаҳрванди хориҷӣ ба ҳайси шунавандаи забони тоҷикӣ дар назди кафедраҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Боиси тазаккур аст , ки шумораи Созишномаҳои Донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар ба 59 адад расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботии соли гузашта 7 ҳолат зиёд ба назар мерасад.