
Дар нимсолаи якуми соли 2023 дар маҷмуъ устувории нишондиҳандаҳои макроиҷтисодии ҷумҳурӣ таъмин гардид, бахусус маҷмуи маҳсулоти дохилӣ то 8,3 % ё 54,2 млрд сомонӣ афзоиш ёфт , иброз дошт дар нишасти хабарӣ муовини аввали Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода.
Инчунин дар нишасти мазкур гуфта шуд, ки суръати рушди иқтисоди миллӣ асосан аз ҳисоби зиёд гардидани хаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 10,3 %, кишоварзӣ 7,9 %, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 27,1 %, боркашонӣ 13,7 %, гардиши савдо 11,8 %, мусофиркашонӣ 8,9 % ва хизматрасонии пулакӣ 5,5 % таьмин гардид.
Шарики асосии тичоратии Ҷумхурии Тоҷикистон давлатҳои Русия (24,8%), Чин (20,6% ) , Қазоқистон (16,4%), Узбекистон (6,5%), Туркия (5,2%) ва дигар кишварҳо ба ҳисоб мераванд.
Маҷмуи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 82 адад иборат мебошад, ки маблағи умумии онҳо 49.1 млрд сомонӣ иборат мебошад.