Дабири Дабирхонаи Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср доктор Аҳмад Ансорӣ ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қоҳира ташриф овард. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба ВКХ хабар медиҳад.
Зимни суҳбати расмӣ бо сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Қосимӣ доктор Аҳмад Ансорӣ ба муносибати солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мардуми Тоҷикистон ва Сафорати мо дар Қоҳира паёми табрику таҳният тақдим намуд.
Ҳамчунин, доир ба имрӯзу ояндаи робитаҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Миср дар арсаҳои гуногун ва бозшавии имкону фурсатҳои нав барои густариши муносибатҳои барои ҳарду кишвар судбахш суҳбати созанда сурат гирифт.