
Рӯзи 8-сентябр бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон роҳпаймоии осоишта баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори радиои «Овози тоҷик»Бахтовар Шарифзода хабар медиҳад.
Ин чорабинӣ бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Донишгоҳ роҳандозӣ гардида, дар он ҷавонони фаъол аз миёни донишҷӯён иштирок намуданд.
Боиси қайд аст, ки дар чорабинии мазкур роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, устодону омӯзгорони донишгоҳ, Раёсати кор бо ҷавонони донишгоҳ, кормандони мақомоту сохторҳои гуногуни давлатиӣ ва намояндагони ВАО низ ширкат намуданд.