Пагоҳ, 22-юми сентябри соли 2023 соати 09:00 дар назди муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, воқеъ дар шоҳроҳи ба номи Рӯдакии шаҳри Самарқанд чорабиниии адабию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти асосгузори шеъри тоҷику форсу Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор мешавад. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба рӯзномаи «Овози Самарқанд» хабар медиҳад.
Чорабинии мазкур дар ҳамкории идораи рӯзномаи Шӯрои намояндагони халқ ва ҳокимияти вилоят — «Овози Самарқанд», шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, Донишгоҳи давлатии Самарқанд ва Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят гузаронида шуда, дар он иштироки шоиру нависандагон, дӯстдорони каломи бадеъ ва ҳунарпешагон пешбинӣ шудааст.