
Тибқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати нисолаи якуми соли 2023 шумораи умумии сайёҳони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, 627 ҳазору931 нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 181 ҳазору 876 нафар ва ё 40.7% зиёд мебошад. Дар ин бора хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Дилноза Сатториён хабарнигори радиои «Овози тоҷик» аз ҷараёни чорабинии мазкур хабар медиҳад.
Ин омор имрӯз зимни баромади Матлубахон Сатториён, муовини сарвазири кишвар дар ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад ироа гардид.
Ҳамчунин Матлубахон Сатториён иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бойи сайёҳӣ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро устувор намуда, таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ рӯз аз рӯз ба Тоҷикистон зиёд гардида истодааст.
Ба зикри Камолиддин Муминзод раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ имрӯз барои рушди соҳаи сайёҳӣ тамоми заминаҳои меъёрӣ — ҳуқуқӣ таъмин буда, Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2023 — 2026 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 — уми декабри соли 2022 тасдиқ гардида, мавриди татбиқ қарор дорад.