Имрӯз ба муносибати бузургдошти Рӯзи Рӯдакӣ, ки ҳамасола 22 -уми сентябр дар саросари кишвар баргузор мегардад дар Институти забон ва адабиёти Академияи миллии илмхои Тоҷикистон конфронси илмӣ дар мавзуи «Рӯдакӣ, забон ва фарханги миллӣ» баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Фарзона Сафарзода хабар медиҳад.
Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Институти забон ва адабиёти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии фарханг ва саньати Точикистон ба номи Мирзо Турсунзода баргузор гардида, дар он олимону пажуҳишгарони осори Рӯдакӣ дар мавзуҳои гуногун маъруза намуданд.
Иштирокдорони конфронс доир ба саҳми Рӯдакӣ дар ҳифзу рушди забону адаб ва ҷаҳоншумул сохтани адабиёти тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ ва дигар мавзуҳои вобаста ба он суханронӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки ҳамасола 22 сентябр дар Тоҷикистон иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллӣ, рӯзи тавонотарин шоири даврони Сомониён- устод Абӯабдулло Рӯдакӣ таҷлил карда мешавад.