
Имрӯз дар риштаи ҷудо Сомон Маҳмадбеков зери вазни то 81 кг дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу -2022 аз худ ҳунару маҳорати воло нишон дод. Сомон таърихсозӣ кард ва аввалин ҷудокор дар таърихи ҷудои тоҷик шуд, ки ба финали Бозиҳои Осиёи роҳ ёфт. Дар финал Сомон бо Ли Ҷунван аз Кореяи Ҷанубӣ гӯштин мегирад. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба ТВ Варзиш хабар медиҳад.
Сомон дар даври аввал бо ду имтиёзи вазарӣ бар Муаяд Звайб аз Фаластин пирӯз шуда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дар даври чаҳорякниҳоӣ Сомон бо имтиёзи иппон бар Асад Масабирови қирғиз ғалаба карда, ба даври ниманиҳоии Бозиҳои Осиёи Ҳангжоу -2022 баромад.
Дар даври ниманиҳоӣ Сомон тавонист, ки бо як ҷасорату матонати ба худ хос бар Абулайхан Жубаназари қазоқ бо имтиёзи вазарӣ ғалаба карда, ба финал роҳ ёбад.
Ҳамакнун, пас аз нисфирӯзии имрӯз Сомон дар финал бо Ли Ҷунван аз Кореяи Ҷанубӣ гӯштин мегирад.
Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг) барои нишони биринҷӣ бо Кингдага аз Чин нерӯсанҷӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу – 2022 аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр баргузор мешавад. Дар ин мусобиқаи бонуфузи Осиёи 481 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 40 намуди варзиш ба роҳ монда шудааст. 138 варзишгар аз Тоҷикистон аз 18 риштаи варзиш дар ин мусобиқа баромад мекунад.