Ба муносибати зодрӯзи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.
Дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Русия Владимир Владимирович Путин омадааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Шуморо ба муносибати Рӯзи таваллудатон аз самими қалб табрик менамоям.
Бо фаъолияти доманадори худ ҳамчун роҳбари давлат Шумо эҳтироми шоиста миёни ҳамватанонатон ва дар хориҷи кишвар обрӯву эътибори баландро соҳиб гаштаед. Таҳти роҳбарии Шумо Тоҷикистон дар роҳи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ босубот қадам зада, дар ҳалли масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ нақши муҳим мебозад.
Бемуболиға, саҳми шахсии Шумо дар таҳкими муносиботи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии кишварҳои мо, ҳамчунин тақвияти робитаҳои барои ду ҷониб судманд дар доираи СААД, ИДМ ва СҲШ бузург аст.
Аз идомаи муколамаи созандаи мо ва ҳамкории зич дар самти масъалаҳои мубрами муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон хушҳол хоҳам буд.
Аз самими қалб ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳатмандии комил, некӯаҳволӣ ва комёбиҳо орзу менамоям”.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар номаи шодбошии худ ба унвонии Сарвари давлати мо чунин менигорад:
“Муҳтарам ҷаноби Президент, дӯсти деринаи ман:
Иҷоза фармоед табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини худро ба муносибати Рӯзи таваллудатон ба Шумо иброз намоям.
Шумо дар миёни сарони давлатҳои ИДМ аз сиёсатмадорони ботаҷрибаед, бунёди давлатдорӣ дар соҳаҳои гуногун таҳти роҳбарии Шумо ба пешрафтҳои назаррас ноил гардидааст. Шумо ба муносибати дӯстона бо Чин таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоед ва дар пешбурди равобити Чину Тоҷикистон дар сатҳи олӣ саҳми босазо гузоштаед. Дар моҳи майи соли равон Шумо дар Саммити “Чин-Осиёи Марказӣ” ширкат варзида, ба Чин сафари давлатии муваффақе анҷом додед, ки зимни он миёни мо мулоқоти ҳамаҷониба ва ошкоро баргузор гардид. Мо ҳамроҳ бунёди ҷомеаи сарнавишти муштараки Чину Тоҷикистонро дар руҳияи дӯстии абадӣ, манфиати мутақобила ва ҳамбастагӣ эълон намудем ва муносибатҳои дуҷонибаро ба марҳалаи нав баровардем.
Ман ба рушди равобити Чину Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоям, тамосҳои неки корӣ ва дӯстии амиқи шахсиамонро қадр мекунам, ҳамзамон омодаам дар якҷоягӣ бо Шумо ҷиҳати пешбурди ҳамкориҳои миёни Чину Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф то ба дастовардҳои навин, ташвиқи шукуфоӣ ва эҳёи кишварҳоямон минбаъд ҳам бомаром саъю талош намоям.
Ба Шумо сиҳатмандии комил ва некуаҳволӣ мехоҳам”.
Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, чунин омадааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Хело хушнудам, ки Шуморо, бародари азизам, ба муносибати зодрӯзатон аз самими дил табрик намуда, таманниёти беҳтарини худро ба Шумо расонам.
Ислоҳоти васеъмиқёс ва корҳои бузурги созанда дар Тоҷикистон, ба таври мунтазам баланд шудани сатҳи зиндагии мардум, ҳарчи бештар афзоиш ёфтани нуфузи кишвари Шумо дар арсаи байналмилалӣ, бе ҳеҷ шакку гумон, бевосита бо номи Шумо вобастаанд.
Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври фаъол дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои минтақавию глобалии пешниҳодкардаи Шумо далели возеҳи ин гуфтаҳост.
Аз фурсат истифода бурда, мехоҳам бори дигар Шуморо ҷиҳати дар сатҳи олӣ доир намудани Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва нишасти навбатии Шӯрои давлатҳои таъсисдиҳандаи Бунёди наҷоти Арал дар шаҳри Душанбе сидқан табрик намоям.
Бешубҳа, гуфтушунидҳои самаранок ва мувофиқаҳои муҳимме, ки дар чорчӯби ин иҷлосҳо ба даст омаданд, ба таҳкими муносибатҳои ҳамаҷонибаи байни кишварҳоямон, ки аз қадимулайём дӯстони қарин ва ҳамсоягони нек мебошанд, ҳамчунин ба таъмини рушди умумии минтақаи мо хидмат хоҳанд кард.
Мухтарам Эмомалӣ Шарифович,
Бовар дорам, ки ба шарофати саъю талошҳои муштарак муносибатҳои мо дар рӯҳияи шарикии стратегии дарозмуддат ва ҳампаймонӣ ба нафъи шукуфоии умумии мардумони бародари мо минбаъд ҳам ба таври самарабахш рушд хоҳанд кард.
Шуморо бори дигар бо ин рӯзи суруровар ва фаромӯшнашавандаи ҳаётатон табрик гуфта, ба Шумо сиҳатмандии комил, саодати оилавӣ ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон пирӯзиҳои навин, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу субот, рушди пойдор ва шукуфоӣ орзу менамоям”.
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар табрикоти худ гуфтааст:
“Мухтарам Эмомалӣ Шарифович,
Табрикоти самимӣ ва таманниёти неки маро ба муносибати зодрӯзатон бипазиред.
Эъмор ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлолу мустақил, фаъолияти созанда барои муттаҳидии миллат ва барқарор намудани сулҳи дарозмуддат ба таври ногусастанӣ бо номи Шумо пайвастаанд. Шуморо дар Қазоқистон ҳамчун ходими барҷастаи давлатӣ ва Пешвои умумиэътирофгардидаи мардуми Тоҷикистон мешиносанд.
Муътақидам, ки Тоҷикистони бародар бо пайравӣ дар самти стратегии пешгирифтаи Шумо, ташаббусу ислоҳоти муҳимро бомуваффақият татбиқ намуда, ҷиҳати бунёди давлати қавию шукуфо ба ҳадафҳои олӣ ноил хоҳад гашт.
Ман муносибатҳои гарму эътимодбахшамонро қадр карда, саҳми бузурги шахсии Шуморо дар таҳкими риштаҳои дӯстиву ҳамкории гуногунпаҳлӯ байни ду кишвар ва мардуми онҳо баланд арзёбӣ менамоям.
Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, нерӯи беинтиҳо, хайрияти оилавӣ ва комёбиҳои минбаъдаро дар рисолати сермасъулиятатон ба нафъи мардуми бародари Тоҷикистон орзумандам”.
Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти маро ба муносибати Рӯзи таваллудатон бипазиред!
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандона ва дурандешонаи Шумо ба комёбиҳои азим даст ёфта, обрӯю эътибори худро дар арсаи байналмилалӣ бемайлон тақвият мебахшад.
Боиси хушнудист, ки ҳамкориҳои босамар ва равобити зичи кишварҳои мо дар самту соҳаҳои васеи гуногун аз сатҳи баланди муносибатҳои дуҷониба шаҳодат медиҳанд. Ба Шумо барои таваҷҷуҳи шахсӣ ва саҳми бузургатон дар рушди муносибатҳои байнидавлатии мо изҳори сипос менамоям.
Дидору мулоқоте, ки мо чанде пеш дар Душанбе доштем, ба таҳкими риштаҳои дӯстӣ миёни мардумони бародари мо ва таъмиқи ҳамкориҳои ду кишвар дар самтҳои мухталиф такони қавӣ бахшиданд. Мо ҷонибдори ҳамкориҳои минбаъда боқӣ мемонем ва аз пешниҳоду ташаббусҳо оид ба густариши равобит миёни Туркманистон ва Тоҷикистон дастгирӣ мекунем.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, аз самими қалб саломатии бардавом, некӯаҳволиву саодати оилавӣ ва ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу субот, пешрафт ва шукуфоӣ орзу менамоям”.
Дар табрику таҳнияти Раиси Халк Маслахати Милли Генгеши Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов чунин омадааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Табрикоти гарм ва таманниёти беҳтарини маро ба муносибати Рӯзи таваллудатон бипазиред.
Комёбиҳои азим дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон, дастовардҳои назаррас дар рушди иқтисодии кишвар, таҳкими нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ бо номи Шумо робитаи ногусастанӣ доранд.
Мехоҳам ба Шумо барои саҳми азими шахсӣ ва таваҷҷӯҳи амиқатон ба таҳкиму рушди муносибатҳои дуҷониба миёни Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намоям. Итминон дорам, ки ба туфайли саъю талошҳои муштараки мо муносиботи бародаронаи Туркманистон ва Тоҷикистон минбаъд ҳам густариш ёфта, ба нафъи мардумонамон амиқ хоҳанд гашт.
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, ба Шумо самимона сиҳатмандии комил, хушбахтӣ ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳо орзу менамоям”.
Нурсултон Назарбоев, Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон зимни табрикоти худ овардааст:
“Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам!
Шуморо аз самими қалб бо зодрӯзатон муборакбод мегӯям!
Шумо дар тӯли 30 сол Тоҷикистонро сарварӣ намуда, дар якҷоягӣ бо мардуми худ аз сахттарин санҷишҳо гузаштед ва ҳамчун давлати мустақилу мутараққии аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда ва рӯ ба оянда тақвият ёфтед.
Бемуболиға нақши шахсии Шумо на танҳо дар таҳкими муносибатҳои Қазоқистону Тоҷикистон, балки дар ҳамкории барои ҷонибҳо судманд дар минтақаи Осиёи Марказӣ назаррас аст. Сафари чанде пеш ба Остона анҷомдодаи Шумо ва вохӯриҳои сарони давлатҳо дар Душанбе далели равшани саҳм гузоштани Шумо ба ин равандҳои муҳим мебошад.
Ман муносибатҳои дустии бисёрсолаамонро гиромӣ медорам ва минбаъд ҳам ба идомаи муошират бо Шумо умед мебандам.
Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам, ба Шумо саломатии бардавому рифоҳ ва дар фаъолияти давлатиатон ба нафъи мардуми бародари тоҷик комёбиҳо орзу менамоям”.
Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев дар табрикоти худ гуфтааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Ба муносибати Рӯзи таваллудатон Шуморо аз самими қалб табрик гуфта, таманниёти беҳтарини худро иброз медорам.
Шумо ҳамчун пешвои асил, арбоби хирадманде, ки худро комилан ба ҳимояи манфиатҳои кишвараш, амалӣ намудани ҳадафҳои умумимиллӣ ва таъмини некуаҳволии мардуми худ бахшидааст, сазовори эҳтироми амиқ гардидаед. Ба шарофати сиёсати ҳадафманд ва босамари Шумо Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои дарпешистодаашро оид ба рушди иҷтимоиву иқтисодӣ бомуваффақият ҳал мекунад, нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ пайваста меафзояд.
Саҳми Шумо дар таҳкими муносибатҳои анъанавии дӯстона, густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба ва шарикии Озарбойҷон ва Тоҷикистон арзишманд ва назаррас аст.
Сафари ахири худро ба Душанбе барои иштирок дар кори Ҷаласаи панҷуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сифати меҳмони фахрӣ бо дилгармии махсус ба ёд меорам. Даъвати Шумо анъанаҳои хуби дӯстӣ, эҳтиром ва ҳамкории байни мардумони бародари моро, ки таърихан ташаккул ёфтаанд, бори дигар таъйид намуд.
Мехоҳам таъкид намоям, ки сафарҳои мутақобила ва робитаҳои мунтазам дар сатҳи олӣ ба таъмиқи ҳамаҷонибаи робитаҳои байнидавлатӣ мусоидат хоҳанд кард. Бесаброна интизори дидори Шумо дар Боку дар доираи сафари давлатӣ барои идомаи муколамаи эътимодбахшу созанда мебошам.
Итминон дорам, ки талошҳои муштараки мо минбаъд низ ба татбиқи ташаббусу тарҳҳои умедбахш ба мақсади таҳкими ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд ба манфиати халқу кишварҳои бародари мо равона хоҳанд шуд.
Дар ин рӯзи фархунда, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, ба Шумо саломатии бардавом, хушбахтӣ ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон ба нафъи мардуми бародари Тоҷикистон комёбиҳои минбаъда орзу менамоям”.
Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко чунин барқияи шодбошӣ ирсол намуд:
“Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам.
Табрикоти самимии маро ба муносибати зодрӯзатон қабул фармоед.
Ман шуморо ҳамчун ходими ботаҷрибаи давлатӣ ва пешвои қавӣ, ки дар байни шаҳравандони Тоҷикистон обрӯи инкорнопазир ва дар хориҷи кишвар нуфузи шоиста дорад, мешиносам.
Барои ман заҳмати Шумо дар ҷодаи сулҳу шукуфоии кишваратон ва афзоиш додани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ қадри баланд доранд.
Ман ба рушди ҳамкории байни Минску Душанбе таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, муносибатҳои дӯстонаро бо Шумо, ки аз имтиҳони вақт гузащтаанд, азиз медонам.
Аз идома додани муколамаи муътамад ва ҳамкории зич оид ба масъалаҳои рӯзномаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ шод хоҳам буд.
Ба Шумо, Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам, аз сидқи дил саломатии бардавому некуаҳволӣ ва дар фаъолияти пурмасъулиятатон муваффақиятҳои минбаъдаро орзумандам”.
Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган дар матни табрикотии худ гуфтааст:
“Муҳтарам Президент,
Дӯсти азизам,
Рӯзи мавлудатонро шахсан аз номи худам ва аз номи миллатам бо самимонатарин эҳсосот муборакбод мегӯям.
Таъмиқи пайвастаи робитаҳои кишварҳоямон, ки дорои мероси муштараки таърихиву фарҳангӣ мебошанд, боиси фараҳмандии ин ҷониб мебошад.
Боварии комил дорам, ки муносибатҳову ҳамкориҳои зичи кишварҳоямон минбаъд низ дар тамоми соҳаҳо тақвияту таҳким хоҳад ёфт.
Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ тансиҳатӣ, саодатмандӣ ва умри дароз ва ба мардуми дӯсту бародар Тоҷикистон некӯаҳволиву шукуфоӣ орзу дорам”.
Номаҳои табрикӣ ҳамчунин аз Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин ва Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Имангали Тасмагамбетов ворид гардиданд. Воридшавии номаҳои табрикотӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.