Имрӯз дар толори Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ зери унвони “Таҳсилоти гуногунфарҳангӣ ва бисёрзабонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар ин бора Фурӯҳар Тоҳирӣ хабарнигори радиои “Овози тоҷик” аз ҷараёни ҳамоиши мазкур хабар медиҳад.
Пеш аз ифтитоҳи Конференсия маросими ба истифода додани бинои нави Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор гардид.
Конференсияро ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин ифтитоҳ намуд.
Сипас дар Конференсия вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар намояндаҳои кишварҳои хориҷ, аз он ҷумла, Русия , Қазоқистон ва Исроил дар қолаби онлайн иштирок ва суханронӣ карданд.