Рӯзи 5-октябр бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Донишгоҳи байналмиллалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода чорабинии муштараки тантанавӣ таҳти унвони «Забони миллат — ҳастии миллат» баргузор гардид. Дар ин бора Бахтовар Шарифӣ, хабарнигори радиои «Овози тоҷик» хабар медиҳад.
Чорабинии мазкур бо ибтикори роҳбарияти Донишгоҳи байналмиллалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он мудирияти Донишгоҳи мазкур, Агентии хизмати давлатӣ ва Кумитаи забон ва истилоҳот иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баргузории чорабинӣ зикр гардид, ки забони ноби тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ ва расмию коргузорӣ дар саросари кишвар шинохта шуда, ба таври васеъ рушду инкишоф ёфт. Ҳамчунин ҳозирин тазаккур доштанд, ки ҳар як фарди ҷомеа ва соҳибзабонон муваззаф ҳастанд, ки барои поку беолоиш нигоҳ доштани ин забон талош варзанд ва барои густариши забони миллӣ саъю талош намоянд.