Имрӯз дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи забони давлатӣ чорабинии идона баргузор шуд. Дар ин бора хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Тахмина Амониён хабар дод.
Дар ин чорабинӣ устодону донишҷӯёни ДСРТ ва меҳмонони гиромӣ аз Федератсияи Русия ширкат варзиданд.
Чорабинии мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ ректори ДСРТ Файзулло Машраб Қурбоналӣ ифтитоҳ намуд. Номбурда қайд кард, ки дар солҳои истиқлолият ба забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, забони тоҷикӣ ба арсаи байналмилалӣ баромад ва имрӯз аз минбарҳои ҷаҳон, аз ҷумла СММ садо медиҳад, ки ифтихори ҳар як шаҳрванди ватандӯсти мост.
Ҳамзамон дар ҳамоиши мазкур меҳмонону омӯзгорон вобаста ба ин санаи муҳим баромад намуда, дар мавзуҳои муҳимми соҳа сухан гуфтанд.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ барномаи консертӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад.