Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо муовини Сарвазир, вазири мудофиаи Давлати Кувайт Шайх Аҳмад Фаҳд ал-Аҳмад ас-Сабоҳ мулоқот намуд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба ВКХ хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба маҷмӯи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Давлати Кувайт дар соҳаҳои амният ва мудофиа табодули афкор намуда, ба тақвияти равобити амниятии ду кишвар таъкид намуданд.