
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дар шаҳри Маррокаши Шоҳигарии Марокаш дар мизи мудаввари сатҳи баланди Фонди Байналмилалии Рушди Кишоварзӣ, ки таҳти унвони “Дарёфти воситаҳои нав барои дигаргунсозии соҳаи кишоварзӣ дар кишварҳои Шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва Осиёи Марказӣ: Тақвияти шарикӣ барои рушди устувор” дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Умумиҷаҳонӣ сурат гирифт, иштирок намуданд. Дар ин бора аз Вазорати молияи кишвар хабар доданд.
Дар мизи мудаввар вазири молия Қаҳҳорзода Ф.С., доир ба ҳамкориҳо бо Фонди Байналмилалии Рушди Кишоварзӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нави муштараки сармоягузорӣ дар самти таъмини дастрасии аҳолӣ ба техникаи кишоварзӣ, рушди соҳаи чорводорӣ, ҳифзи муҳити зист ва ғайра иброз намуданд.
ДАр мизи мудавар ҳамчунон Президенти Фонди Байналмилалии Рушди Кишоварзӣ ҷаноби Алваро Ларио суханронӣ намуда, оид ба саҳми Фонди мазкур дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ дар минтақа суханронӣ кард.
Зимнан, хонум Дина Салеҳ, Директори минтақавии Фонд оид ба кишварҳои Шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва Осиёи Марказӣ вобаста ба дурнамои ҷалби маблағгузорӣ ба иқтисодиёти кишварҳои минтақа барои се соли минбаъда ибрози андеша намуд.