
Имрӯз дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмиллалии сохтмони сохтмони «ТаҷБилд» расман оғоз шуд. Дар ин бора Бахтовар Шарифӣ, хабарнигори радиои «Овози тоҷик» хабар медиҳад.
Дар Намоишгоҳи мазкур беш аз 60 ширкати сохтмонии ватаниву хориҷӣ ширкат намуда, тамоми маҳсулоти истеҳсолшудаи худро пешкаши меҳмонон намуданд. Намоишгоҳ бо ташаббуси ширкати ватании TajBuild баргузор мегардад ва он барои муаррифии маҳсулоти сохтмонии кишвар мусоидат мекунад.
Қобили зикр аст, ки Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти сохтмонӣ «TAJBUILD» дар чаҳорчӯби солҳои рушди саноат ташкил шуда, ба рушди ҳамкориҳои созмонҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ нигаронида шудааст.
Дар ин намоиш як идда ширкатҳои сохтмонӣ аз Тоҷикистон, Эрон, Русия, Узбакистон, Туркия ва Чин ширкат доранд.
Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ муаррифии ширкатҳои сохтмонӣ ва роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмон бо кишварҳои ширкаткунанда мебошад.
Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти сохтмонӣ «TAJBUILD» соли дуюм аст, ки баргузор мешавад ва дар он ширкатҳо ва дастовардҳои онҳо дар соҳаи сохтмон шинос мешавад.
Боиси қайд аст, ки Намоишгоҳи байналмиллалии ТаҷБилд рӯзҳои 13-ум ва 14-уми октябр идома мекунад.