Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Забони русӣ — забони сулҳу гуфтугӯйи байналмилалӣ» конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид. Дар ин бора Бахтовар Шарифӣ, хабарнигори радиои «Овози тоҷик» хабар медиҳад.
Дар конференсия олимони русшинос, намояндаи Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, мавқеи забони русиро дар илми муосир баррасӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки бо қарори Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2023 дар мамлакатҳои иттиҳод Соли забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо эълон шудааст.
Дар ҷаҳон 250 миллион нафар бо забони русӣ ҳарф мезананд. Забони русӣ яке аз 6 забони расмии Созмони Милали Муттаҳид мебошад.