Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Муҳриддин дар ҳошияи Форуми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) бо дабири кулли САҲА Ҳ. Шмид вохӯрӣ намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои умдаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва САҲА, аз ҷумла вазъ дар минтақа ва Афғонистон, мубориза бо терроризм ва ҳамкорӣ дар масъалаҳои обу иқлимро мавриди баррасӣ қарор доданд.