31 октябри соли 2023 дар шаҳри Ашқобод вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Форуми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ширкат ва суханронӣ намуд.
Дар суханронии хеш С. Муҳриддин мавқеи Ҳуқумати кишварро нисбат ба масъалаҳои умдаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби се ченаки фаъолияти САҲА – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ ироа намуда, ба зарурати андешидани чораҳои муштарак ҷиҳати таҳкими амният дар паҳнои САҲА таъкид намуд.