31 -уми октябр дар шаҳри Абу — Дабии АМА Қаҳрамонии ҷаҳонии ҷудо миёни собиқадорон шуруъ гардид, ки то 3-юми ноябр идома меёбад. Дар мусобиқот 1011 ҷудокор аз 68 кишвари ҷаҳон ширкат доранд. Тоҷикистонро 21 паҳлавон миёни мардон намояндагӣ мекунанд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба ТВ Варзиш хабар медиҳад.
Дар рӯзи аввал — 31 октябр — ду паҳлавони мо — Ҳабибулло Маҷидов ва Хайрулло Назриев соҳиби медали биринҷӣ гаштанд.
Ҳабибулло Маҷидов зери вазни то 81 кг дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Ҳашик Лудвик аз Чехия зафар ёфта, дар даври ниманиҳоӣ аз Боуамра Бенаоудаи фаронсавӣ мағлуб шуд ва дар рақобат барои нишони биринҷӣ муқобиди ҷудокори амрикоӣ Ҷеймс Киндер музаффарият ба даст овард.
Хайрулло Назриев дар вазни ҷамъи 100 кг дар даври чаҳорякниҳоӣ аз Коппе Ҳендрики ҳолландӣ мағлуб гардида, дар рақобати тасаллобахш бар Умар Париси аз Аргентина зафар ёфт. Дар мубориза барои нишони биринҷӣ Назриев муқобили Артур Абрамовскии украинӣ пирӯзӣ ба даст овард.