Дирӯз дар Ашхобод вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз ҷониби Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов ба ҳузур пазируфта шуд.
Дар рафти вохӯрӣ вазири корҳои хориҷӣ паёму таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмонро ба Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов расонид.
Зимни мулоқот таваҷҷуҳи вежа ба татбиқи амалии тавофуқоте, ки зимни сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон баҳори солӣ ҷорӣ ҳосил шуд, зоҳир гардид.