Имрӯз, 2- юми ноябр рӯзи сеюм аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардида истодааст. Дар озмӯни мазкур беш аз 500 нафар аз шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуда, маҳорату дониши худро манзури ҳаводорону сокинони кишвар менамоянд. Ҳадаф аз баргузории озмун баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии тамоми сокинони мамлакат мебошад