Артиши Исроил — имрӯз, панҷшанбе — гуфт, ки дар навори Ғазза алайҳи муқовимати фаластиниҳо набардҳои шадид дорад ва афзуд, ки аз оғози ҷанг дар ҳафтуми октябри соли гузашта 12 000 ҳадафро дар ин навор бомбаборон кардааст.
Сухангӯи артиши Исроил хабар дод, ки амалиёти низомӣ дар Ғазза тибқи нақша пеш меравад ва артиш барои амиқтар кардани он талош мекунад.
Вай эълом кард, ки шумори сарбозону афсарони исроилии кушташуда аз оғози амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо ба 332 нафар расидааст ва таъкид кард, ки шумори рабудашудагон дар Ғазза ба 242 нафар расидааст.