Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон оид ба масъалаҳои фарҳанг ва ВАО хонум Меҳриҷамал Мамедова мулоқот кард.
Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои фарҳанг, санъат, сайёҳӣ ва васоити ахбори омма табодули афкор намуданд.
Ҷонибҳо аҳамияти густариши муколамаи фарҳангӣ ва башардӯстона миёни ду кишварро қайд намуда, омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо ба нафъи дӯстӣ ва ғановати муштараки фарҳангҳои ду кишвар, изҳор намуданд.