Дирӯз дар шаҳри Вена Ёддошти тафоҳум миёни Минтақаи озод аз силоҳи ҳастаӣ дар Осиёи Марказӣ ва Комиссияи неруи ҳастаии минтақаи Африқо ба имзо расид. Дар ин бора аз ВКХ хабар доданд.
Чун Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол раёсатро дар ниҳоди минтақавии зикргардида ба уҳда дорад, санади мазкурро аз номи Минтақа сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Идибек Қаландар ва мудири иҷроияи Комиссияи Африқо Энобот Агборав ба имзо расониданд.