Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Сабур ҳайати меҳмонон аз Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти раҳбарии Димитрий Мун Андреевич, муовини раиси Шӯрои Ҷамъияти саҳомии “Технологияҳои иттилоотии миллӣ”-ро ба ҳузур пазируфт.
Дар оғоз Бег Сабур ташрифи ин ҳайатро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақам гуфта, изҳори умедворӣ намуд, ки оғози ҳамкорӣ бо Ҷамъияти саҳомии “Технологияҳои иттилоотии миллӣ”-и кишвари Қазоқистон дарчаи нави ҳамкориҳо дар бахши татбиқи “ҳукумати электронӣ”-ро миёни ду кишвар боз хоҳад кард. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо роҳҳои таҳкими ҳамкориҳо дар самти табодули таҷриба, роҳандозии чорабиниҳои муштарак ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн бо мақсади рушди “Ҳукумати электронӣ”-ро мубодилаи афкор намуданд.
Дар фароҷоми мулоқот миёни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамъияти саҳомии “Технологияҳои иттилоотии миллӣ” Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид. Ин санадро Бег Сабур, Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Димитрий Мун Андреевич, муовини раиси Шӯрои Ҷамъияти саҳомии “Технологияҳои иттилоотии миллӣ” ба тасвиб расониданд.
Дар Ёддошти ҳамкорӣ самт ва доираи ҳамкориҳо мушаххас гардида, имкон медиҳад, ки инфрасохтори иттилоотию коммуникатсионии «Ҳукумати электронӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ёбад.