Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо вазири тиҷорат ва саноати Давлати Кувайт Муҳаммад Усмон ал-Айбон доир мулоқот намуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои тиҷорат ва саноат, инчунин афзоиш додани гардиши мол байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.