
Имрӯз муовини Сарвазир — вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеу ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанг, маданият ва фарзандони қаҳрамони миллати тоҷик дар назди муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.
Мавриди зикр аст, ки дар рафти сафари расмӣ номбурда бо ҳамтои тоҷикистонии худ — вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот хоҳад намуд. Ҳамчунин дар назар аст, ки М.Нуртлеу аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта шавад.