Бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 январи соли равон дар Душанбе ҷашни «Сада ва намоиши ниҳолҳою тухмии зироатҳои кишоварзӣ» ҷараён дорад.
Тавре хабарнигории радиои «Овози тоҷик» Малвинаи Хушқадам аз макони баргузории чорабинӣ Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ- фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ»-и шаҳри Душанбе хабар медиҳад, дар он ниҳолҳою тухмии зироатҳои кишоварзӣ, афрухтани гулханҳо намоиш дода шуда истодааст.
Инчунин, дар он намоиши техникаю мошинолотҳои кишоварзӣ, гӯшаи тавсиядиҳии олимону мутахассисон оид ба омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, қисмати фарҳангӣ ҷараён дорад.
Маврид ба зикр аст, ки Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимию халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид, ки мутобиқи солшумории милодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31 — уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.