Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада бо шукӯҳу ҷалол бар гузор шуд. Дар ин бора хабарнигории радиои » Овози тоҷик» Малвинаи Хушқадам аз макони баргузории чорабинӣ хабар медиҳад.
Фазои ин чорабинӣ ҷашнӣ буда, дар ҳар гӯшаи он асбобҳои кишоварзӣ, намоиши тухмии зироат ва техникаҳои соҳаи кишоварзӣ, зотҳои чорво, хӯрокҳои миллӣ ва дигар маҳсулоте, ки ифодагари ҷашни Сада мебошанд, пешниҳоди ҳозирин гардонида шудаанд. Дар ифтитоҳии ҷашн Раҳмонзода Абдулло ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Ҳакимзода Қурбон вазири кишоварзии кишвар Ҳакимзода Қурбон ва намояндаҳои дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд. Тавре имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикии худ ба муносибати ин ҷашни аҷдодӣ иброз доштанд: «Ҷашни Сада дар қатори Наврӯзу Тиргон ва Меҳргон аз даврони қадим то рӯзгори мо бо як силсила одобу суннатҳо, расму ойинҳо ва донишу таҷрибаҳои кишоварзӣ омада расидааст.
Ниёгони ориёитабори мо ҳанӯз беш аз шаш ҳазор сол қабл аз ин ба ҳунармандиву косибӣ, истеҳсоли ашёи зарурии рӯзгор ва корҳои кишоварзиву боғдорӣ машғул будаанд.
Онҳо барои ҳар як фасли сол иду маросим ва одатҳои махсус доштаанд, ки ҳама бо табиат, заминдорӣ ва касбу кори гузаштагонамон пайванди мустаҳкам дошта, аз ҷониби хурду бузург таҷлил мегардиданд.
Ҷашни Сада яке аз ҳамин ойинҳои басо деринаи мардуми мо мебошад.»



