Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо муовини Сарвазир, вазири нафти Давлати Кувайт Имод Муҳаммад ал-Утайқӣ мулоқот кард. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба ВКХ хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо роҳҳои тақвияти ҳамкории соҳавӣ ва инчунин фаъол намудани нақши гурӯҳҳои корӣ дар доираи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайтро баррасӣ намуданд.