Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин роҳбари Намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (ICRC) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пиэр Эманнуэл Дукруеро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории тарафайн ва дурнамои рушди минбаъдаи онҳоро мавриди муҳокима қарор доданд.