Дируз ҷаласаи ҳамоҳангсозони Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид (СММ) барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA) таҳти роҳбарии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода ва бо иштироки Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) — Татяна Молчан, инчунин намояндаҳои доимии кишварҳои аъзои SPECA дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии минтақавӣ дар доираи SPECA ва рӯзномаи кории он дар соли 2024 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Боиси қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати SPECA-ро дар соли 2024 бар уҳда дорад.