Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷарро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои мутақобилан судманди гуногунҷанба миёни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид.
Ҳамчунин табодули афкор оид ба масоили минтақавӣ ва шарикӣ дар чаҳорчӯби қолабҳои бисёрҷониба сурат гирифт.