Дар соли таҳсили 2024-2025 118 донишҷӯ аз ноҳияи Рашт тибқи квотаи президентӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таҳсил мекунанд. Аз ин шумора 23 нафар аз ноҳияи Рашт, 22 нафар аз Сангвор, 26 нафар аз Тоҷикобод, 25 нафар аз Лахш ва 22 нафар аз Нуробод мебошанд.
Бояд гуфт, ки квотаи президентӣ соли 1997 бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҷавонон ҷорӣ шуда буд.