Ширкати чинии Nanjing Huajin Bureau Asset Management эълом доштааст, ки нияти сармоягузории то 1 миллиард доллар барои тарҳҳои зербиноӣ дар Қирғизистонро дорад. Сармоягузориҳо ба рушди неругоҳи барқи обӣ, сохтмони роҳи оҳану автомобилгард, инчунин рушди сохтмони манзил тавассути барномаҳои ипотекӣ равона карда мешаванд. Рӯзи 10 сентябр дар чаҳорчӯби Форуми байналмилалии иқтисодӣ дар Иссиқкӯл ин ширкат бо Оҷонси миллии сармоягузории Қирғизистон як ёддошти тафоҳум ба имзо расонд. Ин созишнома равобити иқтисодии Қирғизистону Чинро таҳким бахшида, таваҷҷуҳи афзояндаи ширкатҳои чиниро ба бозорҳои байналмилалӣ нишон медиҳад.